Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти хоса доданд.
Пешвои миллат дар Паёмашон иброз доштанд, ки барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, дар шароити иқтисоди бозорӣ қарзҳо яке аз воситаҳои муҳими беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, қарзҳои ипотекӣ барои хариди хонаҳои истиқоматӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ барои кормандон нақши муҳим доранд, зеро онҳо имконият медиҳанд, ки эҳтиёҷоти асосии шаҳрвандон қонеъ гарданд.
Қарзҳои ипотекӣ қарзҳое мебошанд, ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони воқеӣ барои харид намудани хонаҳои истиқоматӣ дода мешаванд. Қарзҳои ипотекӣ барои хариди хонаҳои истиқоматӣ асосан барои кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоии ниёзманд пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи асосии ин қарзҳо таъмин намудани кормандон бо манзили зист дастрас мебошад.
Хусусиятҳои асосӣ қарзҳои ипотекӣ ин фоизи нисбатан паст, муҳлати дарози пардохт ва дастгирии давлатӣ ё имтиёзҳои махсус.
Таъмини аҳолӣ бо манзили зист яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд қарзҳои ипотекӣ барои кормандон нақши калидӣ мебозанд. Онҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки бо шароити дастрас соҳиби манзили шахсӣ гарданд.
Қарзи ипотекӣ қарзе мебошад, ки аз ҷониби бонкҳо ба шахсони воқеӣ барои харид, сохтмон ё таъмири манзили зист дода шуда, худи манзил ҳамчун гарав истифода мешавад. Ин навъи қарз одатан барои муҳлати дароз пешниҳод мегардад.
Афзалиятҳои қарзҳои ипотекӣ ин имкони соҳиби манзил шудан бе доштани маблағи калон, муҳлати дарози пардохт ва имкони беҳтар намудани шароити зист. Аҳамияти иҷтимоӣ қарзҳои ипотекӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии кормандон, баланд гардидани ҳавасмандии касбӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ.
Давлат бо ҷорӣ намудани барномаҳои манзилии иҷтимоӣ ва дастгирии ипотекӣ имтиёзнок ба ҳалли масъалаи манзили кормандон мусоидат менамояд. Бонкҳо бошад, бо пешниҳоди маҳсулоти қарзии мувофиқ дастрасии аҳолиро ба манзил васеъ мегардонанд.
Қарзҳои ипотекӣ барои кормандон воситаҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ мебошанд. Истифодаи самаранок ва масъулиятноки онҳо метавонад ба беҳтар шудани шароити зист, баланд шудани сифати зиндагӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат намояд.
Дар бисёр кишварҳо қарзҳои ипотекӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки бо шароити дастрас соҳиби манзили шахсӣ гарданд. Қарзҳои ипотекӣ ва қарзҳо барои хариди хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон аҳамияти калони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд. Истифодаи оқилонаи ин қарзҳо метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, ҳавасмандии меҳнатӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат намояд. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки шаҳрвандон имкониятҳои молиявии худро дуруст арзёбӣ намуда, қарзҳоро бо масъулият истифода баранд.
Хайрзода Фирдавс,
омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкии ДДБ

