Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар дар мавзуи «Самтҳои рушди маърифати ҳуқуқӣ» бахшида ба қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани “Соли 2027 – Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” доир шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ғ. Пиров, муовини декан оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид. Сипас, Абдураҳимзода Сиёвуш, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ омили пешрафти ҷомеъ», Тохтарова Юлдуз, омӯзгори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ дар мавзуи «Осори мутафакирони форсу тоҷик дар бораи ҳуқуқи инсон» Асозода Султон, омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ дар мавзуи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор ва нақши он барои баланд бурдани маърифати ҳуқуқии омӯзгор», Саидшоҳи Сафархон,омӯзгори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ дар мавзуи «Нақши маърифати ҳуқуқи дар баланд бурдани ҳуқуқи кормандони соҳаи маъориф» ва Гулов Маҳмараҷаб, омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ дар мавзуи «Ҳуқуқи занони Тоҷикистон ва мақоми он дар даврони истиқлолият» андешаронӣ намуданд.

