Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 19.02.2026, басти якум дар факултети химия ва биология толори №25, соати 08:55 дарси кушоди декани факултети химия ва биология н.и.х. Ятимов Парвиз Мадаминович дар гурӯҳҳои 201-202 ихтисоси химия-биология аз фанни химияи таҳлилӣ (шакли машғулият маърӯзавӣ) дар мавзуи «Тавсифи умумӣ, моҳият ва таснифи усулҳои таҳлили ҳаҷмӣ» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд дар ин машғулият иштирок намоянд.
