Омода кардани мутахассисони соҳаи маориф, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ вазифаи муҳимми мактаби олӣ ба шумор меравад. Донишҷӯёни ихтисоси забонҳои хориҷӣ, ки дар оянда омӯзгорони забони англисӣ ё ин, ки забони русӣ мешаванд, на танҳо забонро бояд комилан хуб донанд, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими забонҳои хориҷиро дар мактаб ва макотиби олӣ ҳамаҷониба омӯзанд. Бе дониши мукаммал ва маҳорати педагогӣ дар таълими забони англисӣ ё русӣ бо шогирдон ба натиҷаҳои хуб комёб шудан ғайриимкон мебошад.
Тибқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вазифаҳои муассисаҳои таълимии кишвар дар ин самт муайян карда шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон айни ҳол 15 забонҳои хориҷӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд. Таълими забонҳои русӣ ва англисӣ талаботи бештар дошта, барои ин нақшаҳои таълимӣ, дастуру китобҳои дарсӣ омода карда шудаанд.
Дар замони муосир устодони донишгоҳ дар як самти асосӣ таҳқиқот мебаранд, ки муҳтаво ва мазмуни онҳо ба рафти таълим созгор ва мувофиқат дорад: омӯзиши муқоисавии хусусиятҳои забони англисӣ ва тоҷикӣ, таърих, адабиёт ва ҷуғрофияи мамлакатҳои англисзабон; хусусиятҳои луғавӣ, фразеологӣ, синтаксисии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар асоси маводи адабиёти бадеӣ, воситаҳои ахбори омма омӯхта, бо маводи воситаҳои ахбори оммаи ба забонҳои англисӣ нашршаванда муқоиса карда мешаванд; хусусиятҳои забонии адабиёти бадеӣ ва жанрҳои гуногуни публитсистӣ дар муқоиса аз нигоҳи забонӣ таҳқиқ ва баррасӣ карда мешаванд.
Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бар намудани илм, дониш, касбияти баланд ва бо ҳамин тариқ шахсияти барои худ ва барои Ватан судманд шудани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон муҳим мебошад. Ӯ таъкид мекунад: «Фаромӯш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй обод карда метавонанд».
Тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи аввали давлатдории нави тоҷикон садо дода буд: «Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд».
Омӯзиши забони англисӣ роҳро ба сӯйи уфуқҳои нави дониш, иттилоот, ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва фарҳангӣ боз мекунад. Илова бар ин, донистани забонҳои англисӣ ва русӣ барои муаррифии таъриху тамаддуни миллати фарҳангсолору куҳанбунёди тоҷик мусоидат намуда, муоширати байни миллатҳоро таъмин менамояд. Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ниҳоят муҳим аст, зеро ин забонҳо яке аз забонҳои муоширати байналмилалӣ эътироф гардидаанд.
Пешвои миллат муҳиммияти дараҷаи баланд донистани забони давлатиро аз беҳтарин сифатҳои ҳар як шаҳрванд шуморида, онро бо масъулияти ватандӯстӣ, маҳорати корбарӣ, сифатномаи воқеии хизматчӣ ва соҳибкори муваффақ тавъам донистааст: «Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад». Дигар ин ки ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ ғайриимкон аст» – роҳбари давлат таъкид намудаанд.
Таҷрибаи таърихии давлатҳои рушдкарда нишон медиҳад, ки онҳо бо тамоми имконоти дастовардҳои судманди дигар халқҳо дар кулли самтҳо – иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва ғайра шинос шуда, онҳоро меомӯзанд, аз чизи фоиданок истифода мебаранд. Дар ин бора Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694-1778, файласуф ва нависандаи фаронсавӣ) бамаврид навиштааст: “Муҳаббати ман ба Ватан ба ман монеа намешавад, ки аз дастовардҳо, муваффақиятҳои хориҷиҳо чашм пӯшам. Баръакс, чи қадаре ки ман Ватанамро дӯст дорам, ҳамон қадар кӯшиш мекунам, ки мамлакати худро аз ҷавоҳироте пур кунам, ки аз қаъри заминҳои кишварҳои дигар метавонам ба даст орам”. Воқеан, донистани забонҳои хориҷӣ ин маънои доштани калидҳои бисёр барои як қулф – манфиатро дар назар дорад.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар паёму суханрониҳояшон пайваста омӯзиши забонҳои русиву англисиро таъкид мекунанд. Сарвари давлат бунёди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи Ватан номидаанд.
Фарди муосир бояд донишманд, забондон бошад, то аз манбаъҳои дигари илму фан, иттилооти берун аз кишвар огоҳ бошад. Бо вуҷуди ба низоми муайян даромадани раванди таълим, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро тақозо мекунад. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, тарҷумонҳо ҳоло ҳам ба назар мерасад. Бинобар ин, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишу касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар мисоли, Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», ки робитаҳои хориҷиро мустаҳкам намуда, бо 47 донишгоҳҳои хориҷӣ созишнома бастааст, метавон гуфт, ки дар амалӣ гардидани таъкидҳои Пешвои миллат, барномаҳои давлатӣ саҳми назаррас дорад. Дар баробари ин дар доираи ҳамкориҳо омӯзгоронро барои гузаштан аз курси такмили ихтисос дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати омӯхтани таълими методика ва технологияи таълими забонҳои хориҷӣ, методҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ, асосҳои маҳорати педагогии омӯзгори забони англисӣ ва русӣ, психологияи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаб, семинари махсус аз методикаи амалии таълими забони англисӣ, хитоӣ ва русӣ сафарбар намудааст. Дар донишгоҳ омӯзгорон доир ба амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ, русӣ, хитоӣ, кореягӣ ва арабӣ дарс гуфта, роҳбарии корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатми тахассусии донишҷӯёни худро ба уҳда доранд.
Воқеан, имрӯз бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ рушди насли имрӯза ва дар маҷмӯъ, давлат тасаввурнопазир аст. Қариб дар тамоми соҳаҳо донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ ва русӣ, муҳим мебошад. Талабот ба донистан ва омӯхтани забони англисӣ ва русӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Мутаассифона, мушоҳида ва таҳлилҳои касбӣ нишон медиҳанд, ки омӯзиши забони англисӣ дар кишвар беҳбудӣ мехоҳад. Ин ҷо, қабл аз ҳама, бояд омӯзгорон савияи донишу маҳорати касбию педагогиашонро сайқал диҳанд. Аз усулҳои муосири таълим дар фаъолияти кории худ истифода баранд, то шогирдони онҳо ҷавобгӯ ба бозори меҳнат рақобатпазир бошанд, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намоянд.
Таълими забони англисӣ дар асоси усули классикии омӯзиши забонҳои хориҷӣ сохта шудааст. Ҳамзамон, имрӯз ҷанбаҳои равонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба он таъсири худро расондаанд. Усулҳои таълими забони англисӣ, ки зиёда аз 20 сол пеш истифода мешуданд, бештар хусусияти репродуктивӣ доштанд. Калимаҳоро омӯзед, матнро хонед, сабти аудиоиро гӯш кунед, мактуб нависед. Чунин буданд супоришҳое, ки муаллим медод. Шояд ба ин далел, аксари калонсолоне, ки солҳои тулонӣ ин забонро омӯхтаанд, бо забони англисӣ хонда ё навишта метавонанд, аммо дар гуфтугӯ мушкилӣ доранд.
Дар замони муосир дар таълими маҳз забони англисӣ ва русӣ усулҳои репродуктивиро ба усулҳои интерактивӣ иваз намудаанд. Бинобар ин, алҳол омӯзиш ба ҳамкории мутақобилаи донишҷӯ ва омӯзгор мубаддал ёфтааст. Барномаи таълим, пеш аз ҳама, бояд бо хусусиятҳои синну солии хонандагон тартиб дода шавад. Барои кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои поёнӣ машғулиятҳое ба монанди бозӣ, сафар, тамошои видео, ташкили озмун ва ғайра мувофиқтар аст. Донишҷӯ дарси классикиро афзалтар медонад. Барои онҳо вазифаҳои анъанавӣ низ мувофиқанд: эҷоди ҳикоя, иҷрои машқ, хондани матн, гӯш кардани аудио ва ғайра. Навиштани ҳикоя барои истифодаи дурусти луғати фаъол ва ғайрифаъол, васеъ кардани захираи луғавӣ, такмил додани нутқи гуфтугӯӣ замина фароҳам меорад. Иҷрои машқҳо ба омӯхтани донишҳои грамматикӣ ёрӣ мерасонад. Мутолиаи матн на танҳо нутқро бурро мегардонад, балки ба фарҳанг ва анъанаҳои забони омӯхташаванда ошно месозад. Гӯш кардани аудио – фаҳмиши нутқи шифоҳиро беҳтар мекунад. Барои ин ташкил кардани кабинетҳои лингафонии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир самарабахшанд.
Дар педагогика, аз ҳама усулҳои самараноки омӯзиши забонҳои англисию русӣ усули интерактивӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳоло усули фурӯравӣ ба муҳити забон хеле маъмул аст. Тибқи ин усул омӯзиши забонҳои хориҷӣ комилан бо забони англисӣ ё русӣ сурат мегирад. Ин на танҳо дар оилаи дузабона, балки дар синфи муқаррарӣ низ имконпазир аст. Ба омӯзгор кофӣ аст, ки дарсро пурра бо забони англисӣ ё русӣ гузарад, аёниятро истифода барад. Сатҳи баланди омодагии омӯзгор имкон медиҳад, ки чунин дарс барои хурдтаракон ҳам гузаронида шавад. Ҳоло самаранокии ин усулро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дарк кардаанд. Чунки беҳтарин усули омӯзиши забони англисӣ ва русӣ ҳамонест, ки шавқу ҳавасро барои омӯзиш бедор мекунад.
Донистани методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, психология ва педагогика ба онҳо имкон медиҳад, ки хусусиятҳои дарк ва тафаккурро муайян кунанд, усулу шаклҳои зарурии корро интихоб намоянд. Дар баробари дарси забони англисӣ ва забони русӣ, дигар шаклҳои ташкили машғулиятҳо низ маъмуланд: мизи мудаввар, маҳфили забономӯзӣ, конференсия, олимпиада ва ғайраҳо.
Ин усулҳо имкон медиҳанд, ки ба муҳити забонӣ шумораи ҳарчи бештари хонандагон ҷалб карда шаванд. Агар пештар омӯзондани забони гуфтугӯии англисӣ ё русӣ масъалаи матраҳ буд, пас имрӯз ҳар шахс метавонад бо забони хориҷӣ сухан бигӯяд. Тавассути барномаҳои интернетӣ, зеҳни сунъӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ бомаром идома ёфта, худомӯзӣ маъмул шудааст. Дар ин кор бисёр чиз аз дараҷаи ибтидоии дониш ва шавқу рағбати донишомӯз вобаста аст. Ин тарзи забономӯзӣ илова ба таълими муассисавӣ буда, кумак дода метавонад. Бинобар ин, усулҳои интерактивии омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд ҷолибу дуруст ба роҳ монда шаванд. Ин пеш аз ҳама, аз омӯзгор маҳорати баланду дониши мустаҳкамро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, омӯзгорон бояд ҳамеша аз пайи такмили донишу малакаҳои корӣ буда, дар тарбияи насли забондону зирак саҳми босазои худро гузоранд.
Масъулияти омӯзгори забонҳои хориҷӣ натанҳо омӯзондани забон, адабиёту илми халқҳои дигар, балки дар раванди он тарбия кардани ҳисси ватандорӣ, дӯст доштани забони модарии худ, муаррифӣ кардани ҳувияти миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
