Имрӯз дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-077-и назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Қурбонзода Навбаҳор, омӯзгори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Асосҳои педагогии тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҷараёни дарсҳои забони англисӣ», зери роҳбарии Сафаров Шодӣ Асомуродович – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо муваффақият дифоъ намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10 Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (5.3.10.9 Назария ва технологияи таълими забонҳои хориҷӣ) пешбинӣ мешавад.
