8 майи соли 2026 дар доираи ҷаласаи Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба тасвиб расид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмиву таълимӣ, табодули таҷрибаи академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ба имзо расидани ин санад дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, баланд бардоштани сатҳи таълиму таҳқиқот, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

