Китоб аз замонҳои қадим то ба имрӯз ҳамчун яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои дониш, маърифат ва фарҳанги инсонӣ шинохта мешавад. Маҳз тавассути китоб инсоният тавонист таҷриба, илм, таърих ва арзишҳои маънавии худро аз як насл ба насли дигар интиқол диҳад. Китоб ганҷинаи бебаҳои ақлу хирад буда, дар ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти инсон нақши бузург дорад. Ҳар як халқу миллат маҳз бо китоб ва фарҳанги китобдории худ сатҳи тараққиёти маънавию фарҳангии худро муайян менамояд. Аз ин рӯ, китобро беҳуда “чароғи маърифат” ва “калиди дониш” намегӯянд.
Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон босуръат рушд намуда, технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон гардидаанд, нақши китоб ва китобхонӣ аҳамияти боз ҳам бештар касб кардааст. Гарчанде имрӯз воситаҳои электронии дастрасӣ ба иттилоот зиёд шудаанд, китоб ҳамоно манбаи боэътимод ва муҳими дониш боқӣ мемонад. Мутолиаи китоб ба инсон имконият медиҳад, ки донишҳои амиқ ва мукаммал пайдо намуда, қобилияти таҳлил, муқоиса ва хулосабарории худро инкишоф диҳад. Шахсе, ки мунтазам китоб мутолиа мекунад, дорои ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанги баланд ва тафаккури солим мегардад. Китоб инсонро ба олами маънӣ, андеша ва хиради бузургон роҳнамоӣ менамояд. Дар саҳифаҳои китоб таҷрибаи чандинҳазорсолаи инсоният, андешаҳои олимону адибон ва зиндагиномаи шахсиятҳои барҷаста таҷассум ёфтаанд. Ҳангоми мутолиаи китоб инсон аз таҷрибаи гузаштагон сабақ гирифта, роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекунад. Китоб ба шахс меомӯзонад, ки некиро аз бадӣ, ҳақиқатро аз дурӯғ ва адолатро аз беадолатӣ фарқ намояд. Аз ҳамин ҷиҳат китоб яке аз воситаҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ ва маънавии инсон ба ҳисоб меравад. Бузургони илму адаб низ китобро сарчашмаи асосии камолоти инсон донистаанд. Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар донишмандон маҳз тавассути мутолиа ва омӯзиши китоб ба дараҷаи баланди илмӣ расидаанд. Осори онҳо то имрӯз барои инсоният ҳамчун мактаби бузурги маърифат хизмат менамояд. Нақши китоб махсусан дар тарбияи ҷавонон хеле бузург аст. Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа ва неруи пешбарандаи давлату миллат мебошанд. Ояндаи ҳар як ҷомеа аз сатҳи дониш, маърифат ва фарҳанги ҷавонон вобастагии калон дорад. Агар ҷавонон ба китобхонӣ рӯ оваранд, онҳо дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мегарданд. Китоб ҷавононро ба омӯзиш, худтакмилдиҳӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Ҳамзамон мутолиаи осори адибону мутафаккирони бузург дар қалби ҷавонон ҳисси инсонпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия мекунад. Китобхонӣ инчунин барои рушди нутқ, ғанӣ гардидани захираи луғавӣ ва баланд шудани сатҳи суханварии инсон мусоидат менамояд. Шахси китобхон одатан фикри худро озодона ва равшан баён карда метавонад. Илова бар ин, мутолиаи пайваста қобилияти эҷодкорӣ ва мустақилона андешиданро тақвият мебахшад. Инсон ҳар қадар бештар китоб мутолиа кунад, ҳамон андоза ҷаҳонбинии ӯ васеътар гардида, ба масъалаҳои зиндагӣ бо чашми хирад менигарад. Китоб инсонро ба таҳаммулпазирӣ, эҳтироми андешаи дигарон ва фарҳанги баланди муошират одат медиҳад.
Дар шароити муосир, ки баъзе ҷавонон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда сарф мекунанд, китоб метавонад онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намояд ва аз таъсири манфии иттилооти носолим муҳофизат кунад. Имрӯз хатари паҳншавии фарҳанги бегона, ақидаҳои ифротӣ ва иттилооти бардурӯғ бештар гардидааст. Дар чунин шароит мутолиаи китобҳои арзишманд метавонад ҷавононро аз гумроҳӣ нигоҳ дошта, дар онҳо ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстиро тақвият бахшад. Китоб инсонро ба андешаи солим ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Ҳамин буд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиаи китоб озмунҳои ҷумҳуриявии китобхониро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди фарҳанги китобхонӣ ба ҳисоб меравад. Ин озмун дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон, шавқу рағбати зиёдро ба китобу мутолиа ба вуҷуд оварда, барои баланд гардидани сатҳи дониш, нутқи адабӣ ва ҷаҳонбинии онҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон чунин ташаббусҳои фарҳангӣ ба эҳёи анъанаҳои неки китобдӯстӣ, арҷгузорӣ ба осори адибони классику муосир ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Озмунҳои китобхонӣ дар баробари баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба дониш, инчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат мекунанд. Иштирокчиён ҳангоми омодагӣ ба озмун садҳо китоб мутолиа намуда, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд. Чунин иқдомҳо дар ҷомеа муҳити мусоиди фарҳангиву маърифатӣ ба вуҷуд оварда, насли наврасро ба роҳи илму дониш раҳнамун месозанд. Имрӯз метавон дид, ки тавассути ин озмунҳо ҳазорҳо ҷавонон ба китоб рӯ оварда, дарк намудаанд, ки муваффақияти ҳақиқӣ танҳо бо дониш ва маърифат ба даст меояд.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ дар ҷомеа вазифаи муҳим ба шумор меравад. Оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа бояд барои ҷалби ҷавонон ба мутолиаи китоб чораҳои муассир андешанд. Падару модарон бояд аз овони кӯдакӣ фарзандонро ба китобу дониш дӯст гардонанд. Омӯзгорон низ вазифадоранд, ки дар хонандагон шавқи китобхониро бедор намоянд ва онҳоро ба мутолиаи осори арзишманд ҳидоят кунанд. Ташкили озмунҳои китобхонӣ, зиёд намудани китобхонаҳои муосир, нашри китобҳои ҷолиб ва тарғиби осори адибони бузург метавонад шавқи ҷавононро ба китоб бештар намояд. Китобхонаҳо низ дар рушди фарҳанги китобхонӣ нақши муҳим доранд. Китобхона маконест, ки инсон метавонад ба сарчашмаҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дастрасӣ пайдо намояд. Имрӯз зарур аст, ки китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр, технологияҳои муосир ва шароити мусоид таъмин карда шаванд, то ҷавонон бештар ба онҳо рӯ оваранд. Ҳамзамон истифодаи китобҳои электронӣ ва захираҳои рақамӣ низ метавонад барои густариши фарҳанги китобхонӣ мусоидат намояд.
Дар ҳақиқат, китоб дӯсти беҳтарин ва ҳамсафари ҳамешагии инсон буда, барои ташаккули шахсияти комил ва рушди маънавии ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Миллате, ки китоб мехонад, миллати соҳибмаърифат, пешрафта ва фарҳангӣ мебошад. Агар мо хоҳем ҷомеаи солим, пешрафта ва ояндаи дурахшон дошта бошем, бояд ҷавононро ба китобхонӣ бештар ҷалб намоем. Зеро китоб инсонро аз ҷаҳолат ба сӯи маърифат мебарад ва роҳи комёбиро барои ӯ равшан месозад. Китоб чароғи роҳи зиндагӣ ва сарчашмаи асосии дониш буда, арзиши он ҳеҷ гоҳ коста нахоҳад шуд.
Дустзода Мустафо Ҳафиз – номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
