Бознашр аз АМИТ “Ховар”
Омӯзиши афзалияти таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар чорчӯбаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мубрамтарин равандҳои илмии мамлакат мебошад. Ин аҳамияти илмӣ аз чанд ҷиҳат асоснок мегардад.
– Аввалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтисодиёти кушодаи рӯ ба инкишоф бо баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти миллӣ талош меварзад. Таҷрибаи ду даҳсолаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар шароити давлатии иқтисодиёти озод инъикоси навъи миллии инкишофи низоми иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Дуюм, паёмҳои солонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи сиёсиву иқтисодии давлат арзиши муҳими таҳлилнамоии илмӣ ва академии баланд доранд. Он аз зиёда аз 30 паём, аз оғози давраи истиқлолият то имрӯз иборат буда, ин ҳуҷҷатҳо дар баробари таҳлили вазъи иқтисодиёти миллӣ масири рушди бахшҳои гуногун ва таъмини некӯаҳволии аҳолиро муайян мекунанд. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барнома, роҳнамо ва замонати амалӣ гардидани стратегияи давлат мебошанд. Сеюм, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ таҳлили мукаммали паёмҳои Президенти Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҳаввули стратегиро аз марҳилаи «наҷот ва барқарорӣ» ба марҳилаи «рушди пайдарпай ва аз он ба марҳилаи рушди устувор ва «саноатикунонии босуръат» (2015–2025) пайгирӣ намоем. Ин тавсифи марҳалаҳо барои дарки чигунагии ташаккули сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми илмӣ доранд.
Қисмати асосӣ. Мафҳуми «сиёсати иқтисодӣ» дар адабиёти илмии ҷаҳонӣ аз мавқеъҳои мухталиф таҳлил шудааст. Ҷ.М. Кейнс дар асари бунёдии худ «Назарияи умумии шуғл, дарсад ва пул» (1936) назарияи иқтисодиёти бозаргониро ҷонибдорӣ накарда, танзими давлатиро ҳамчун зарурати ҳатмӣ асоснок кард. Чунин тарзи муносибат ба хотири танзими самаранок ва ташхиси стратегии роҳи рушди иқтисоди давлат ба ҳисоб меравад.
Таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади мустақими барномасозии иқтисодии давлат мебошанд. Аз ибтидо то соли равон яке аз нуктаҳои муҳимми афазалиятноки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таваҷҷуҳ ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад. Аммо давоми солҳои 2018–2025 ин ҳуҷҷатҳо тағйироти куллии амалия ва технологияи сиёсати иқтисодиро нишон медиҳанд.
Дар Паёми соли 2018, ки меҳвари як нуқтаи бунёдгароёнаи стратегӣ шинохта мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҳадафи стратегиеро, ки давоми 10 соли минбаъда ба сутуни сиёсати иқтисодии мамлакат табдил ёфтанд, мушаххас карда, расман эълон намуданд. Тибқи матни Паём: «мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ ба саноатӣ амалӣ гардонида истодаем».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри 2019 — «Рушди маҷмуии маҳсулоти дохила (ММД) ва таъсиси барномаи содирот». Паёми соли 2019 натиҷаҳои фаслии аввали барномаи рушди иқтисодӣ ва ҳадафҳои навро муайян кард. Тибқи матни Паём: «дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт». Ҳамзамон ҳаҷми умумии даромади буҷет тақрибан ду баробар, аз 12 миллиард сомонӣ (2013) ба 23 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута барои тайёр кардани Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021–2025 вазифадор карда шуданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2022 сиёсати иқтисодии мамлакат тавассути иловакунии ҳадафи чоруми стратегӣ- «саноатикунонии босуръат» тавсеа ёфт. Дар ин Паём бори аввал мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» ба унвони самти асосии нав дохил карда шуд. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».
