Имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат тариқи маҷозӣ дар сессияи иттилоотии рейтинги байналмилалии UI GreenMetric World University Rankings иштирок намуд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида, ба масъалаҳои татбиқи принсипҳои рушди устувор дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бахшида шуд.
Зимни ҷаласа намояндагони UI GreenMetric оид ба методологияи нави рейтинг барои соли 2026, тартиби пешниҳоди маълумот, меъёрҳои арзёбӣ ва роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар самти рушди устувор маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳо, такмили фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, инчунин тақвияти мавқеи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар фазои байналмилалии таҳсилот мусоидат менамояд.

