
Магистранти курси якуми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Раҳимов Охунҷон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаи худ дар баргузории чорабиниҳои экологӣ бо Сипосномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Мавсуф аз 25 то 28 майи соли 2026 дар Конференсияи чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҳайси волонтёр фаъолият намуда, дар таъмини баргузории ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ саҳми назаррас гузошт.
Санаи 5 июни соли 2026, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолияти пурсамар, ташаббусҳои созанда ва саҳми Раҳимов Охунҷонро дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ изҳори сипос кардааст.
