Бо ибтикори факултети педагогика ва варзиш ва таърих ва ҳуқуи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав викторинаи саволу ҷавоб бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, тақвияти қобилияти зеҳнӣ, рушди тафаккури мантиқӣ ва густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён роҳандозӣ шуда, барои муайян намудани донишу маҳорати онҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар викторина муовини ректор оид ба тарбия Наргис Нурализода, мудири шуъбаи тарбия Эмомалӣ Набизода ва декани факултети педагогика ва варзиш Умед Хуҷазода иштирок намуда, вобаста ба аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ, нақши онҳо дар баланд бардоштани завқи донишомӯзӣ ва ташаккули шахсияти донишҷӯён суханронӣ карданд.
Иштирокчиён ба саволҳои пешниҳодшуда посух дода, донишу малака ва қобилияти зеҳнии худро нишон доданд. Чунин чорабиниҳо дар баробари таҳкими донишҳои назариявӣ, ба рушди тафаккури мустақилона, зиракӣ, зеҳният ва маҳорати зудҷавобгӯии донишҷӯён мусоидат менамоянд.
Дар фарҷоми викторина донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

