Имрӯз ҷаласаи назоратии назди Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи назоратӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳи оид ба масъалаи раванди таълиму тарбия ва таҷрибаомӯзӣ андешаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ нақши муҳим мебозад.
Дар идомаи машварат масъалаи дарсҳои донишҷӯён дар гурӯҳҳои русӣ ва анлисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳои баррасишуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
