Имрӯз 19-уми сентябрии соли 2025 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-016-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҳимояи диссертатсияи Ҳамдамзода Хурсанд Акбар дар мавзуи “Инкишофи консепсияи воридотивазкунонӣ дар соҳаи бозори маҳсулоти гӯшту шир: назария, методология, амалия”, зери мушовири Пиризода Ҷалил Сафар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики АИКТ, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дисертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ пешбинӣ гардид.
Аз номи ҳайати кормандони Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устод Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълимро барои ҳимояи муваффақона самимона табрик намуда, барои корҳои минбаъда пешравиҳоро таманно менамоянд.

