Вохӯрӣ бо донишҷӯёни гурӯҳи олимпӣ
Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия бо донишҷӯёни гурӯҳи олимпӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ баррасии дастовардҳои донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими омодагӣ барои озмунҳои минбаъда…
