БОХТАРСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ НОСИРА ХУСРАВА
БОХТАРСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ НОСИРА ХУСРАВА
Имрӯз, мулоқоти маҷозии Раёсати байналмилалииДонишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон ба номи Низомӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ, ба роҳ мондани табодули таҷрибаи омӯзгорон ва донишҷӯён, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, рушди робитаҳои академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои…
Муфассал “Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон” »
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки рӯзи 25 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, бинои хобгоҳи донишҷӯёнро ифтитоҳ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хобгоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ, сатҳи…
Имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устодони донишгоҳ барои муаррифии ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Ҳайати омӯзгорон ҳангоми суҳбат натанҳо ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, балки дигар афзалиятҳо, аз қабили шароити таҳсил, потенсиали илмӣ ва кадрӣ, мавҷудияти тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоту техникаҳои муосир,…
Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳиматзода Ҳасан Ҳимат, унвонҷӯи кaфедpaи тaъpихи хaлқи тоҷики Донишгоҳи дaвлaтии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар мавзуи “Инъикоси вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросони нимаи дуюми асри XIV ва асри XV дар “Равзату-с-сафо”-и Мирхон”, бо муваффақият дифоъ намуда буд, бapои дapёфти дapaҷaи илмии номзaди…
Имрӯз Наимзода Қудратулло, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи доктории худро дар муассисаи пешбар – Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Шавкати Бухороӣ ва мақоми ӯ дар адабиёти форс – тоҷик” доир намуд. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.01.00…
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоише, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, тавзеҳ дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ. Дар ҳамоиш нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, хусусан дар самти тақвияти волоияти қонун дар…
Агар Шумо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб карданӣ бошед, пас чунин амалҳоро бояд анҷом бидиҳед: Ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.htc.ti ворид шуда, рамзи донишгоҳро, ки 112 мебошад, интихоб намоед; Ихтисосҳои донишгоҳ дар панҷ гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷойгир шудаанд; Умедворем, ки Шумо дар интихоби донишгоҳи мо…
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси назоратӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор, деканoни факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо иштирок намуданд. Дар ҷаласаи назоратӣ Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим оид ба масъалаҳои раванди таълиму тарбия, дарсҳои кушод, шартномаи таҳсил, таъмини донишҷӯён ба хобгоҳ ва таҷрибаомӯзӣ андешаронӣ намуд.
