Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби роҳбари гурӯҳ Фирӯз Сайнозимзода, сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии дастгоҳи Ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳ Зобирзода Некрӯӣ, Машрабзода Азим бо омӯзгорони кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ ва донишҷӯён суҳбат-вохӯрӣ доир шуд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии Икром Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ оғоз гардид, ки масъалаҳои ватандӯстиву худшиносӣ, соҳибкориву сармоягузорӣ, ҳуқуқи инсон ва бо иқдоми Тоҷикистон эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санадимуҳими роҳнамо самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, барои баландбардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа аҳамияти калон дорад. Дар баробари ин, ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, нақши мақомоти ваколатдор дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шарҳ дода шуд.
Ҳамчунин, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамияти он дар таҳкими донишу ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ миёни ҷавонон махсус қайд гардид.

