Имрӯз дар толори Китобхонаи донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии умумидастгоҳӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба таҳти унвони «Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945)» баргузор гардид.
Чорабиниро Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимни сухани муқаддимавии худ аз нақши барҷастаи фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ёдовар шуд. Қайд гардид, ки саҳми фарзандони тоҷик дар таъмини пирӯзӣ бар фашизм назаррас буда, онҳо ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ бо ҷоннисорӣ фаъолият намудаанд.
Дар идомаи конференсия мудири кафедраи таърихи умумӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Д. Халилзода дар мавзуи «Нақши тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945)» баромад намуда, саҳми қаҳрамононаи ҷанговарони тоҷикро бо далелҳои таърихӣ шарҳ дод.
Ҳамчунин, саромӯзгори кафедраи таърихи умумӣ, номзади илмҳои таърих М. Юсуфиён дар мавзуи «Саҳми меҳнаткашони ақибгоҳи Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба» суханронӣ намуда, аз заҳмати фидокоронаи мардум дар солҳои ҷанг ёдовар шуд.
Дар идома, саромӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих Садбарги Исо бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Саҳми занони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бар фашизм» баромад намуда, нақши занонро дар давраи ҷанг махсус таъкид кард.
Дар анҷоми конференсия таъкид гардид, ки омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихии Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва эҳтиром ба қаҳрамониҳои гузаштагон мусоидат менамоянд.

