Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳисси ифтихор аз сулҳу суботи давлату миллат, ташвиқи арзишҳои миллӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар байни ҷавонон роҳандозӣ гардида, дар фазои тантанавӣ ва рақобати солим ҷараён гирифт.
Бояд зикр намуд, ки дар даври ниҳоии олимпиада 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияҳои гуногуни илмӣ байни ҳам рақобат карданд.
Дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, Сулаймонов Авазҷон, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси химия ва биология, дар номинатсияи «Химия» соҳиби ҷойи дуюм, Сатторова Гулноза, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти рус, дар номинатсияи «Забони русӣ» ба гирифтани ҷойи дуюм, Қадриддинов Ғиёсиддин, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, дар номинатсияи «Забон ва адабиёти тоҷик» ҷойи сеюм, Шаҳроми Ғуломалӣ, донишҷӯи курси 2-уми ихтисоси танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ, дар номинатсияи «Фалсафа» ҷойи сеюм ва Ғоибов Исроил, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таърих (ватанӣ ва умумӣ), дар номинатсияи «Таърихи халқи тоҷик» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Муваффақияти донишҷӯёни донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бозгӯи сатҳи баланди таълим, омодагии хуби илмӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди неруи зеҳнии ҷавонон мебошад.

