Конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав
гузориши телевизиони “Хатлон” Конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав
19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷасати фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад иштирок намуданд. Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин маросими таърихиву маънавӣ нишонаи равшани…
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқбол аз мушти хоки қаҳрамонони миллӣ, ки аз Маскав ба Душанбе оварда шуд, шахсан ба фурӯдгоҳ баромада, ба рӯҳи шаҳидони роҳи Озодӣ самимона арзи иззату эҳтиром намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқбол
Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти…
Ба диққати донишҷӯёни гурӯҳҳои таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки таҳсили ҳузурии донишҷӯёни курсҳои 1,2,3 ва 4 -и ҳамгиро аз 25-юми майи соли 2026, соати 8:00 оғоз мегардад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳандозии муносибатҳо бо кишварҳои дунё яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб меёфт. Таъкид намудан ба маврид аст, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлолият буд. Таърихи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ дар байни…
Муфассал “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМКОРӢ БО ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН” »
Имрӯз дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-102-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи диссертатсияи Аминзода Ғунчагул Раҳматулло, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Ташаккули салоҳиятҳои таҳқиқотии хонандагон мавриди таълими физикаи синфҳои 7-9 дар МТМУ», зери роҳбарии Раҷабов Тағоймурод Бобоқулович, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими…
Имрӯз мувофиқи нақша-чорабинии Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав озмунҳои муассисавии «Ҳисобдон ва Китобхони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 1 ва «Хонандаи беҳтарини сол», байни хонандагонм синфҳои 5-11 ҷамъбаст гардида, аз тарафи маъмурияти литсей бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Мувофиқи шартҳои озмун бо қарори доварон хонандаи беҳтарини сол дар литсейи…
Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор карда шуд. Дар ин ҳамоиш омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқаи волейбол байни омӯзгорони факултетҳо баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқа Ширинзода Муҳиддин Исмоил, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон, Шарипов Маҳмадкарим, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ ва Нурализода Наргис, муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия иштирок ва…
