МУЗАФФАРИЯТИ БЕНАЗИРИ ТАЪРИХӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, дорои рамзҳои давлатӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Яке аз омилҳои тақдирсози миллӣ ин расидан ба истиқлолияти…

Муфассал

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 8 сентябри соли 2021 ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии идона доир гардид. Дар оғози чорабинӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ омӯзгорон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро бо…

Муфассал

ДАР МАВРИДИ ПОКИЗАГИИ ИЛМ ВА АМАЛ

Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик дар байни халқҳои Осиёи Миёна яке аз халқҳое мебошад, ки аз давраҳои хеле дури таърихӣ мактабҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангие таъсис додааст, ки дар саросари Мовароуннаҳру Хуросон ва берун аз он маълуму машҳур буданд. Аз ин ҷост, ки омӯзиши илм дар байни халқи тоҷик аз давраҳои хеле қадим то…

Муфассал

ПАЙМОНИ СУЛҲ – РАҲНАМОИ САОДАТ ВА РИФОҲИ МИЛЛАТ

Хушо пайки шукуфоӣ, хушо ваҳдат, Хушо сулҳу масаррат дар дили миллат! Ин мисраъҳои шеърӣ, ки бо сабки хос ва самимияти тамом эҷод шудаанд, дар саҳфаи аввали нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи 27 июни соли 1997 ба мардуми Тоҷикистон пайки сурур, сулҳ ва ваҳдати миллиро расонид. Дар ин рӯз дар «Президентотел»-и шаҳри Москва…

Муфассал

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ШАРАФУ НОМУСИ МИЛЛАТ

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро миёни кишварҳои дунё соҳибистиқлолу соҳибихтиёр медонад. Истиқлолият, озодиву ободӣ ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша бо лаҳни шево садо дода, бевосита ҳар як инсони комилро ба ояндаи нек водор месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш Тоҷикистони дар ҳоли парешонгаштаро сарҷамъ намуда, онро ба…

Муфассал

ДДБ. БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД

Имрӯз бо ибтикори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултет, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ барои баргузор…

Муфассал

Истиқлолият – арзиши муқаддас

Ин мавод дар маҷаллаи “Сафо” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Сипос барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ. Дар зер матни пурраи онро метавонед бихонед. http://safo-khatlon.tj/…/936-istilolijat-arzishi… SAFO-KHATLON.TJ Истиқлолият – арзиши муқаддас Истиқлолият барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Асосгузо…

Муфассал

Бо ташаббуси Ака­демияи миллии илмҳои Тоҷикистон симпозиу­ми байналмилалии илмии “Тоҷикистон дар м­асири таърих

Бо ташаббуси Ака­демияи миллии илмҳои Тоҷикистон симпозиу­ми байналмилалии илмии “Тоҷикистон дар м­асири таърих: Истиқлолият, дастовард ва ­дурнамо”- ро ба ифтихори 30-солагии Истиқло­лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргу­зор намуд. Дар яке аз бахшҳои симпозиум омӯзгори факултети сиёса­т ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири ­Хусрав Самандар Раҷабализода дар мавзӯи “Амалигардии сиёсати давлатии ҷавонон да­р замони…

Муфассал

ЗИ ДОНИШ ЗИНДА МОНӢ ҶОВИДОНӢ

Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, ӯро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Инсон тавассути ақлу заковати бузургу хиради бо роҳи дониш ба дастовардааш метавонад соҳибмаълумот ва соҳибиззат гардад. Донишмандон пайваста азизу гиромӣ ва хотирнишин…

Муфассал

В А Ҳ Д А Т – МАҲСУЛИ ТАФАККУРИ ИНСОНӢ

Пирӯзии ҳар халқу миллат маҳз аз ваҳдат, оромию осудагии кишвари он вобастагӣ дорад. Халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳое мебошад, ки аз қадим барои сулҳу ваҳдат талошҳои зиёд намуда, дар натиҷаи амалҳои дурандешона онро соҳиб гардид. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду орзуҳои дар пешгузоштаамон сабабгор гардид. Ваҳдат аст, ки инсониятро бо…

Муфассал