Имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори кафедраи методикаи таълими физика чорабинии илмӣ бахшида ба Рӯзи радио ва дар доираи татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040” баргузор гардид.
Чорабиниро С. Шарипов, декани факултети физика ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти рушди илмҳои дақиқ, махсусан физика ва технологияҳои муосири иртиботӣ суханронӣ кард. Қайд гардид, ки радио ҳамчун яке аз бузургтарин ихтирооти башарият дар рушди воситаҳои ахбор, иртибот ва пешрафти техника нақши муҳим дорад.
Дар идома донишҷӯи курси 3-и ихтисоси физика Нозукова Тахмина дар мавзуи “Аз таърихи радио” маърӯза намуда, оид ба марҳилаҳои пайдоиш ва рушди радио маълумоти ҷолиб пешниҳод кард.
Сипас мудири кафедраи методикаи таълими физика, номзади илмҳои техникӣ Ш. Сафарзода дар мавзуи “Аҳамият ва зарари мавҷҳои электромагнитӣ” баромад намуда, доир ба истифодаи мавҷҳои электромагнитӣ дар техника, тиб ва алоқа, ҳамзамон таъсири онҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон ибрози назар намуд.
Ҳамчунин омӯзгори кафедра М. Холзода дар мавзуи “Нақши А.С. Попов дар бунёди радиои ҷаҳон” суханронӣ карда, саҳми олимони машҳурро дар рушди соҳаи радио ва алоқа шарҳ дод. Дотсенти кафедраи методикаи таълими физика Ҳ. Раҳмонов низ дар мавзуи “Таърихи телефон ва телеграф” баромад намуда, оид ба роҳҳои ташаккули воситаҳои иртиботӣ ва аҳамияти онҳо дар ҷомеаи муосир маълумот пешниҳод кард.

