ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ МУҲИМ АСТ!

Ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз вируси COVID – 19 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, силсилаи чорабиниҳоро ба роҳ мондаанд. Чунончӣ, бо иштироки Давлатзода Сайфиддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Парвина Мухторова, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим аз бинои асосии…

Муфассал

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АМАЛИЁТИ ИТТИФОҚИ КАСАБА БАРОИ СУЛҲ ДАР ХОБГОҲИ ДДБ

Бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки донишҷӯёни фаъол вохӯри баргузор гардид. Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав зикр намуд, ки 1 сентябрро иттифоқи касабаи меҳнаткашони…

Муфассал

НАҚШИ НАШРИЯИ «ФУРӮҒ» ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАҲОНБИНИИ ДОНИШҶӮЁН

Бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ва вусъат ёфтани низоъҳои геопалитикӣ аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ аз василаҳои гуногун мақсаднок истифода намоем. Яке аз василаҳои муҳиму таъсиргузор дар ин самт воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб мераванд. Моҳи сентябри соли 2000-ум…

Муфассал

САДОИ ҲАЯҶОННОКИ ҲАЁТ ДАР ДОНИШГОҲ

Рӯзномаро садои ҳаяҷонноки ҳаёт мегӯянд, вале то соли 2000-ум ДДБ ба номи Носири Хусрав аз чунин садои ҳаяҷоннок бенасиб буд. Ёд дорам, аввали соли 2000-ум айёме, ки ман дар вазифаи ноиби ректори донишгоҳ оид ба илм кор мекардам, сарвари таълимгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Сабзаев Саидқул Миралиевич маро ба ҳузури худ хонда, вазифадор намуд, ки…

Муфассал

«ФУРӮҒ» – ҲАМДАМУ ҲАМРОЗИ ДОНИШҶӮЁН 20-СОЛА ШУД

Сухани табрикотии ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С.Х. ба истиқболи 20-солагии нашрияи донишгоҳии «Фурӯғ» Шумораи нахустини нашрияи «Фурӯғ» 1 сентябри соли 2000, ҳамчун нашрияи Раёсати Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аз чоп баромада, дастраси хонандагон гардида буд. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ва алалхусус, соҳаи маорифи кишвар ба таъсиси чунин рӯзномаҳои соҳавӣ…

Муфассал

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ АСТ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯъи “Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат” доир карда шуд. Дар кори мизи мудаввар омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои…

Муфассал

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ВАТАН – МОЯИ ИФТИХОРУ САОДАТИ ҲАР ФАРДИ КИШВАР

Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Устодону донишҷӯёни гиромиқадр, ҳамкасбони азиз! Истиқлолияти давлатии ишвари азизамон нодиртарин падидаи сиёсии сарнавиштсоз, рамзи пойдории давлат ва ҳастии миллат ба шумор рафта, тантанаи хирад, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти…

Муфассал

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии…

Муфассал