ШАНБЕГӢ ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд.  Дар шанбегӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд ва бо тозаю озода намудани синфхонаҳо, роҳравҳоро рубучин, бехи дарахтонро нарм, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани саҳни…

Муфассал

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР

Имрӯз 19-уми сентябри соли 2020-ум дар саҳни даромадгоҳи бинои асосии Раёсати донишгоҳ қабули шаҳрвандон аз ҷониби Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Ҳасани Муродиён, мушовири ректор баргузор гардид. Дар қабул, донишҷӯён бо дарназардошти сабабҳои иҷтимоӣ, вазъи оилавӣ барои гузариш ба шуъбаи ғоибона муроҷиат намуданда мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ ва…

Муфассал

ҲАР ИНТИХОБКУНАНДА ЯК ОВОЗ ДОРАНД ВА БОЯД ШАХСАН ОВОЗ ДИҲАД!

Оё ман ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро дорам? Бале, агар Шумо шаҳрванди Ҷумҳури Тоҷикистон бошед ва то рӯзи интихобот синнатон ба 18 расида бошад, ҳуқуқи иштирок карданро доред. Кай ва дар куҷо ман бояд овоз диҳам? 11 октябри соли 2020 аз соати 6:00 –и субҳ то 20:00- и бегоҳ Шумо ҳуқуқ доред дар учаскаи интихоботи…

Муфассал

СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “РӮЗГОР ВА ОСОРИ АБӮАБДУЛОИ РӮДАКӢ” ДОИР ШУД

Дар факултети филологияи тоҷик ба хотири бузургдошти сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соати тарбиявӣ дар гурӯҳи 202-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик таҳти унвони “Рӯзгор ва осори Абӯабдулои Рӯдакӣ” доир шуд, ки дар он муовини ректор оид ба таълим ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Нахуст, Саъдулло Ҳакимов, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик дар бораи рӯзгор ва…

Муфассал

МУДИРИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ УМУМИИ ДОНИШГОҲ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДИФОЪ НАМУД

Дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алимов Давлаталӣ Халилович, мудири кафедраи таърихи умумии донишгоҳ рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Давлаталӣ Алимов, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар, ки дар мавзӯи “Азхудкунии заминҳои навкорами ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 20-80-уми асри ХХ”,  зери роҳбарии профессор Абулҳаев Рақиб рисолаи докториашро бомуваффақият дифоъ намуд.…

Муфассал

ДАРСИ КУШОД ОМИЛИ БОЛОБУРДИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

Дар гурӯҳи 305-и ихтисоси рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик дарси кушоди саромӯзгори кафедраи рӯзноманигори Сангимурод Шарипов аз фанни “Техника ва технологияи воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд.  Мавзӯи дарс “Техникаи телевизионӣ барои сабти берун аз студия” унвон дошта дар шакли лексия гузаронида шуд. Дар дарс мудирони кафедараҳои факултети филологияи тоҷик ва 20 нафар омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок…

Муфассал

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ УЧАСКАИ ИНТИХОБОТИИ №5-И ДДБ

  Учаскаи интихоботии №5 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хавзаи интихоботии Бохтар 44 дар бинои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, кӯчаи Айнӣ 67 ҷой гирифтааст. Имрӯз бо иштироки Давлатзода Сайфиддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Амонулло Ашӯрзода, раиси ҳавзаи интихоботии…

Муфассал

ҶАВОНОН ВА АНДЕШАҲОИ СИЁСӢ

Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор, пешбарандаи ҷомеа, шинохта ва эътироф шудаанд. Онҳо нерӯи азим ва ояндаи бақои умри ҳар як миллат ба шумор мераванд. Мутаассифона, имрӯз дар саросари дунё гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз идеологияҳои гуногун барои ноил шудан ба манфиатҳои гурӯҳии худ фаъолиятҳои даҳшатнокро…

Муфассал

ЭЪТИРОФИ САРВАР – НИШОНАИ ЭЪТИМОД

Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибрат аст. Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Русия * * * Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки…

Муфассал

МУШКИЛОТ ВА ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ

Имрӯз Интернет аҳолии ҷаҳонро ба ҳам пайваста, шаҳрвандон метавонанд тавассути он робита дошта бошанд. Барои робитаи байни инсонҳо Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ масоҳат ва сарҳадро аз байн бурда, барои пайдо кардани маълумотҳои зарурӣ, имконияти хуберо дорост.   Дар ин баробар, ҷаҳони зудтағйирёбанда, равандҳои сиёсӣ, зуҳуроти гуногун, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай дорад, ки…

Муфассал