ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ “ЛУҒАТДОНИ БЕҲТАРИН”
Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни вилоятии “Луғатдони беҳтарин” миёни хонадагони синфҳои 2-11-и Литсейи назди донишгоҳ гузаронида шуд.
Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни вилоятии “Луғатдони беҳтарин” миёни хонадагони синфҳои 2-11-и Литсейи назди донишгоҳ гузаронида шуд.
Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни куҳанбунёди худ шинохта шудааст. Хотироти таърихӣ ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар тули асрҳо имкон дод, ки тоҷикон сарфи назар аз таҳаввулоти пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва таъсири қудратҳои берунӣ асолат ва ҳастии миллии худро ҳифз намоянд. Тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои башардӯстонаи ниёгон ҳамчун сипари…
Муфассал “ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ” »
Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ, ки ба нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувор бахшида шудааст оғоз гардид. Дар қатори олимон, коршиносон, омӯзгорон ва мутахассисон аз кишварҳои гуногун як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба нмои Носири Хусрав иштирок ва баромад намуданд.
Имрӯз дар доираи ҳамоиши Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии омӯзгории занонаи Қазоқистон ба имзо расонида шуд, ки заминаи мусоидро барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва академӣ фароҳам меорад.
-Зери ин унвон имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои мубрами марбут ба рушди иқтисоди миллӣ дар шароити рақамисозӣ ва истифодаи технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни баромадҳо зикр гардид, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун яке аз омилҳои…
Муфассал “«Нақши иқтисоди рақамӣ, зеҳни ҳушманд ва инноватсия дар рушди миллӣ»,” »
Дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», хонандаи синфи 9-уми Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Юсуфзода Ганҷина дар озмуни «Иншои беҳтарин» таҳти унвони «Ватан нурест андар чашми ҷонам» маҳорати баланди суханварӣ нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз Донишгоҳи байналмилалии Сиян дидан намуданд. Дар вохӯрӣ сардори раёсати байналмилалии донишгоҳ Liu Zhifeng омӯзгоронро пешвоз гирифта оид ба раванди таълим маълумот дод.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд. Бо ин мақсад дар толори шурои диссертатсионӣ бо иштироки Гулзода Аҳлиддин, мудири шуъбаи илмҳои табиӣ – математикӣ ва техникии Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини…
Имрӯз, 15 апрели соли 2026, дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» Саммити ректорони донишгоҳҳои «сабз» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори саммит роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шуро, омӯзгорон ва намояндагони сохторҳои таълимӣ иштирок намуданд. Ҷаласаро Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуда, ба баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа буда, оғоз бахшид. Аз рӯйи масъалаи якум «Вазъи феълӣ ва сатҳи…
