ОБОДОНИ МАРОМИ МОСТ

Имрӯз 07.09.2024 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети сиёсат ва идораи давлатӣ фориғ аз машғулиятҳои таълими аксияи тозаги таҳти унвони “Ободи мароми мост”-ро ташкил намуданд, ки омӯзгорону донишҷӯён бо як ҳисиёти баланди ватандӯсти дар аксия иштирок намуда саҳми худро дар ободони ва тозаю…

Муфассал

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯҳафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа ва аҳли маориф мебошад. Эмомлӣ Раҳмон…

Муфассал

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДОИРАИ ҚОНУНҲО АМАЛӢ МЕГАРДАД

Ҳамарӯза шаҳрвандон, бахусус ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию касбии кишвар барои ҳалли масъалаҳои гуногун ба шахсони масъули Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд. Шахсони масъули низ дар доираи қонунҳои амалкунанда муроҷиати шаҳрвандонро шунида, талаботи онҳоро қонеъ мекунанд. Имрӯз қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишгоҳ,…

Муфассал

“ИСТИҚЛОЛ МАРОМИ МОСТ” – таҳти ин ном дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати 33 солагии Истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Нахуст, Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсент Нориён Фирдавс оид ба заминаҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сухан карда, ҳамагонро бо ин ҷашн муборакбод намуд. Сипас, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Баҳодуров Беҳрӯз аз таърихи давлатдории миллати тоҷик ва эълони сулҳ маълумот дод. Дигар иштирокчиён низ вобаста ба дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар сухан намуданд.

Муфассал

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Имрӯз, 5-уми сентябри соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-026-и назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” ҳимояи рисолаи номзадии Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин дар мавзӯи “Хусусиятҳои педагогии тарбияи ватандӯстии хонандагони синфҳои болоӣ тавассути таъриху кишваршиносӣ” зери роҳбарии н.и.п., дотсент Ашурова Шаҳло Кулобиевна баргузор гардид. Ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии…

Муфассал

ТАЪМИРИ ПУРРАИ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз таъмири пурра бароварда шуд. Хобгоҳи донишгоҳ 4 ошёна буда, дорои 131 ҳуҷраи истиқоматӣ бо фарогирии 500 нафар донишҷӯён мебошад. Тибқи тақсимбандӣ, дар ошёнаи якуму дуюм писарон ва дар ошёнаи сеюму чорум духтарон…

Муфассал

ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 4-уми сентябр дар қасри фарҳангии донишгоҳ бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид. Сараввал, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат сухан намуда, ҳайати профессору устодон ва кормандону донишҷӯёнро бо ин ҷашни таърихӣ самимона шодбош намуда, изҳор дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин иди миллӣ аст, ки…

Муфассал

ИСТИҚЛОЛИЯТ – АЗИЗТАРИНУ ВОЛОТАРИН НЕЪМАТ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тағйироти сифатан нав ба вуҷуд омад. Он дар заминаи фаноёбии низоми шуравӣ, рӯйоварӣ ба демократия ва ташаккули рӯҳияи нави сиёсӣ дар ҷомеа амалӣ мегашт. Ба раванди навоварӣ ва бамиёноии тағйироти куллии ҳаёти сиёсии ҷомеа сиёсати бозсозӣ пеш гирифта шуд. Воқеан, ин сиёсат ҳолати инкишофи ҷомеаи…

Муфассал

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ КИШВАР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти сиёсии давлату миллатҳоро муайян…

Муфассал