КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАКИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТ БО ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

Имрӯз 9-уми ноябри соли 2022 дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид. Ин конференсия бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд,…

Муфассал

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ- ИБТИДОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

Воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-ум дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун авроқи сиёҳи таърихи халқи тоҷик маънидод карда шудааст, ки бо номи «ҷанги шаҳрвандӣ» ва «ҷанги бародаркӯш» маълум аст. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1993 заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Пеш аз ҳама рафти бозсозӣ мушкилиҳои зиёдеро пеш овард. Буҳрони иқтисодию сиёсӣ ҷомеаи Шӯравиро пахш карда буд.…

Муфассал

КОНСТИТУТСИЯ – ЗАМИНАИ СУБОТИ СИЁСИВУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Сухани табрикии ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд! Имсол 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-сол сипарӣ мегардад.Хушбахтона, ин ҷашнро шаҳрвандони Тоҷикистон дар руҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои…

Муфассал

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар ДДБ

Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Холиқзода Абдурраҳим, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмон Муҳаммад, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.…

Муфассал

Номаи тақдири миллат

Имрӯзҳо сарзамини биҳиштосо, диёри зебоманзару нотакрор, Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли…

Муфассал

ШОМИ ФАРҲАНГӢ ДАР ХОБГОҲИ ДДБ

Бегоҳии рӯзи 3-юми ноябри соли 2022 дар назди хобгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав “Шоми фарҳангӣ” дар мавзуи “Конститутсия ва саодати бонувон” бо иштироки донишҷӯёни дар хобгоҳистиқоматдошта доир гардид. Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор ва деканони факултетҳо аз намоиш ва дастпухтҳои донишҷӯён дидан намуданд. Сипас, аз ҷониби донишҷӯён қироати шер, намоиши ҳунарҳои…

Муфассал

ДОНИШҶӮЁНИ АЪЛОХОН БО ИФТИХОРНОМА САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Ҷиҳати ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзӣ аз ҷониби Неъмат Раҷабов, декани факултети забони англисӣ пайваста назорат гардида дар ҷорабиниҳои дохилифакултетӣ ҳавасманд гардонида мешавад. Ин навбат ба донишҷӯёне, ки ретинги якумро баҳои аъло супориданд номнавис гардида бо Ифтихорнома қадр карда шуд. Дар раванди қадрдонии донишҷӯён Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим иштирок дошта зимни супоридани…

Муфассал

“Мафҳум, моҳият ва таҳдиду хатарҳои экстремизми ва терроризм”

Дирӯз дар соати тарбиявии факултети забони англисӣ аз ҷониби Набизода Эмомалӣ, раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ дар мавзуи “Мафҳум, моҳият ва таҳдиду хатарҳои экстремизми ва терроризм” бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид. Хадаф аз баргузории чунин як вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии сиёсии донишҷӯён, огоҳмандии онҳо аз моҳият ва таҳдиду хатарҳои экстремизм, худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳуввияти…

Муфассал

МАҲФИЛИ “НИЗОМИ АНДОЗ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ГУМРУК ВА ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ

Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии «Низоми андоз»–и назди кафедраи андоз ва андозбандӣ, дар мавзуи «Андоз аз воситаҳои нақлиёт ва тартиби ҳисоби он» доир шуд. Дар маҳфил Маҳмадшариф Дустов, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ бо маърӯза баргузор мегардад. Гуфта шуд, ки рӯёндани андоз аз воситаҳои нақлиёт аз соли 1992 дар Ҷумҳурии…

Муфассал

Имрӯз дар доираи лоиҳаи мавзуи фармоишии кафедраи адабиёти тоҷик таҳти унвони “Тарбияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни таҳқиқи назария, таърих ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик бо ҷанбаи кишваршиносӣ” бо иштироки роҳбару аъзоёни лоиҳа ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик доир шуд.

Дар он маводҳои таълифнамудаи донишҷӯён дар мавзуи ифтихори ватандорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. маводи таълифнамудаи донишҷӯи курси якум Муҳаммадҷон Ҳасанов бо номи “Сафорӯди ман” шунида шуд. Намунаи матн: САФОРӮДИ МАН Сафорӯд номи деҳаи хурдакаке аст, ки ман дар он ҷо ба дунё омадаам. Номгузорон ин номро аз вуҷуд доштани дарёчае, ки аз қисмати поёни…

Муфассал