МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ПАЖУҲАНДАГОНИ АҶАМ”

Маҳфили “Пажуҳандагони аҷам”-и назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, зери роҳбарии Файзиддин Наботов баргузор гардид, ки дар он Тоҷиддин Исозода, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.  

Муфассал

ДИССЕРТАТСИЯИ ДӮСТЗОДА МУСТАФО АЗ МУҲОКИМАИ ПЕШАЗДИФОӢ ГУЗАШТ

Дар факултети иқтисодӣ муҳокимаи диссертатсияи Дӯстзода Мустафо Ҳафиз, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзўи “Такмили сохтори иқтисодиёти соҳаҳои кишоварзӣ (дар асоси маводи соҳаҳои кишоварзии вилояти Хатлон)” баргузор гардид. Дар муҳокимаи диссертатсия устодон Н. Садриддинов, Шарифхон Баротзод, Гулов Қодир, Шариф Раҳимов ширкат варзиданд. Дӯстзода Мустафо Ҳафиз, зимни баромад оид ба аҳамияти таҳқиқоти диссертатсионӣ баромад намуда зикр кард, ки ҳадафи таҳқиқоти диссертатсионӣ коркарди муносибатҳои назариявию методӣ ва пешниҳодоти амалӣ…

Муфассал

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

  Имрӯз 6-уми марти соли 2021 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид. Маҳфили идонаро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуд. Зикр намуд, ки воқеан ҳам Рӯзи модар, ки бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам…

Муфассал

АКСИЯИ ТАҚДИМИ ГУЛИ МЕҲРУ ВАФО ВА САДОҚАТ БА БОНУВОНУ ДОНИШҶӮДУХТАРОН МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР (СУРАТГУЗОРИШ

  Бо ташаббуси Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар ҳамбастаги бо Хомурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ, имрӯз 6 марти соли 2021 дар даромадгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба таҷлили Рӯзи модар аксия тақдими гули меҳру вафо ва садоқатро бо як фазои идона баргузор намуданд. Маркази таҳлилӣ-иттилоотии…

Муфассал

МИЗИ МУДАВВАР БА МУНОСИБАТИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”

  Имрӯз 5-уми марти соли 2021 бо ибтикори кафедраи методикаи таълими физика бахшида ба солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мизи мудаввар баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро Мурод Холмуродзода, декани факултети физика  ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

Муфассал

МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН «МЕНЕҶМЕНТИ НАВОВАРӢ»

Маҳфили навбатии илмӣ дар назди кафедраи менеҷмент маҳфили “Менеҷменти навоварӣ” зери роҳбарии Муҳаммад Давлотов, баргузор гардид, ки дар он Хурсанд Ҳамдамзода, декани факултети менеҷмент ва низоми гумрук, омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд. Холназар Шамсуллозода, мудири кафедраи менеҷмент маҳфили «Менеҷменти навоварӣ» меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфилро хушомадед намуда маҳфили мазкуро кушода эълон намуд. Сипас, Хурсанд…

Муфассал

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ХОБГОҲИ ДДБ

Бо ибтикори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи  Носири Хусрав дар хобгоҳи донишҷӯён маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар доир гардид. Дар чорабинӣ Наргис Нурализода, раиси бонувони донишгоҳ, Азиза Дусматова, мутахассиси шуъбаи тарбия, Муқаддас Рустамзода, декани факултети забон ва адабиёти рӯс, омӯзгорон иштирок намуда, тамоми донишҷӯдухтаронро ба муносибати иди бонувон ва омад-омади фасли зебои…

Муфассал

МОДАР – РАМЗИ ҶОВИДОНАИ МЕҲР

Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Модар Модарони гиромиқадр, хоҳарони арҷманду бонувони меҳрубон! Имрӯзҳо ба кишвари азизамон Тоҷикистон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯзи фаррухпай фаро мерасад. Тавъам омадани ду ҷашн – Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо рамзи шукуфоии сарзамини…

Муфассал

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ “ҶАЛБИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ВА РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ БОНКӢ”

Дар асоси нақша чорабиниҳои кафедраи фаъолияти бонкии факултети иқтисодӣ, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии хатмкунандагони ихтисоси кори бонкӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ташкилоту муассисаҳои қарзӣ, семинар-машварат дар мавзӯи “Ҷалби мутахассисони ҷавон ва роҳҳои баланд бардоштани хизматрасониҳои бонкӣ” баргузор гардид. Дар семинар М. Холназаров, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, Алишер Маҳмадаминов, сармутахассиси филиали “Бонки Эсхата”…

Муфассал

ДАСТАИ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД

Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишии вилояти Хатлон мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни бонувони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бахиша ба Рӯзи модар баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ, ки дар толори варзишии донишгоҳ доир гардида дар он Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо…

Муфассал