ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНА МУБОРАК БОШАД!

Дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-064 назди Институти зироаткории Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Разоқова Фотима Сафармадовна, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Таҳқиқи ирсияти аломатҳои арзишноку хоҷагии дурагаҳои дохилинамудии намунаҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дури пахтаи миёнанах” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз руйи ихтисоси 06.01.05- Селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ, зери роҳбарии номзади…

Муфассал

ИШТИРОК ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардид. Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод…

Муфассал

СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОЧИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ҳамватанони азиз!Меҳмонони олиқадри Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»!Хонумҳо ва ҷанобон! Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи…

Муфассал

«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Пешвои миллат таъкид намуданд, ки…

Муфассал

ПЕШВОЗГИРИИ ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР САҲНИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз зери роҳбарии Исозода Тоҷиддин, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар саҳни бинои факултети Таърих ва ҳуқуқ Раҳимова Шоира, ғолиби ҷойи дуюми даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”-ро бо гулдастаҳои зебо пешвоз гирифтанд. Маврид ба ёдоварист, ки Раҳимова Шоира, донишҷӯи курси панҷуми факултети Таърих ва ҳуқуқи…

Муфассал

ЯК НАФАР ҒОЛИБИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» АЗ ДДБ

Ҷиҳати иштирок ва баромади намудан дар гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Раҳимова Шоира, донишҷӯи курси 4- иштирок намуда ғолиби ҷойи дуюм дониста шуд.

Муфассал

МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯИ ДОКТОРАНТ PhD

Дар ҷаласаи васеъи кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика муҳокимаи диссертатсияи докторанти PhD – и кафедра Мусулмони Абдусамад дар мавзуи “Методикаи такмили таълими технологияҳои иттилоотӣ дар омӯзиши фанҳои иқтисодӣ дар МТОК” доир гардид.

Муфассал

Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност…

Баъди пошхӯрии Ҳукумати Шуравӣ ва мустақилияти худро эълон намудани давлатҳои шомили ин иттиҳод кишвари мо низ соҳибистиқлолии худро эълон кард. Баъд аз муддатҳои тӯлонӣ миллати тоҷик баҳри озодӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии худ овоз баланд кард, аммо ин садо бо туғёни тӯфоне, ки дар камин буд, пахш гардид. Кишвар ба гирдоби ҷанги хунин, ки онро…

Муфассал

“ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Аз ҷониби таҷрибаомӯзони ихтисоси география ва демографияи факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12- шаҳри Бохтар дарси намунавӣ дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбари таҷрибаи омӯзгории факултет Н. Ализода, мушовирон Н. Назарова ва П. Азизова иштирок намуданд.

Муфассал