«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Пешвои миллат таъкид намуданд, ки…

Муфассал

ПЕШВОЗГИРИИ ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР САҲНИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз зери роҳбарии Исозода Тоҷиддин, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар саҳни бинои факултети Таърих ва ҳуқуқ Раҳимова Шоира, ғолиби ҷойи дуюми даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”-ро бо гулдастаҳои зебо пешвоз гирифтанд. Маврид ба ёдоварист, ки Раҳимова Шоира, донишҷӯи курси панҷуми факултети Таърих ва ҳуқуқи…

Муфассал

ЯК НАФАР ҒОЛИБИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» АЗ ДДБ

Ҷиҳати иштирок ва баромади намудан дар гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Раҳимова Шоира, донишҷӯи курси 4- иштирок намуда ғолиби ҷойи дуюм дониста шуд.

Муфассал

МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯИ ДОКТОРАНТ PhD

Дар ҷаласаи васеъи кафедраи Технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика муҳокимаи диссертатсияи докторанти PhD – и кафедра Мусулмони Абдусамад дар мавзуи “Методикаи такмили таълими технологияҳои иттилоотӣ дар омӯзиши фанҳои иқтисодӣ дар МТОК” доир гардид.

Муфассал

Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност…

Баъди пошхӯрии Ҳукумати Шуравӣ ва мустақилияти худро эълон намудани давлатҳои шомили ин иттиҳод кишвари мо низ соҳибистиқлолии худро эълон кард. Баъд аз муддатҳои тӯлонӣ миллати тоҷик баҳри озодӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии худ овоз баланд кард, аммо ин садо бо туғёни тӯфоне, ки дар камин буд, пахш гардид. Кишвар ба гирдоби ҷанги хунин, ки онро…

Муфассал

“ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Аз ҷониби таҷрибаомӯзони ихтисоси география ва демографияи факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12- шаҳри Бохтар дарси намунавӣ дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбари таҷрибаи омӯзгории факултет Н. Ализода, мушовирон Н. Назарова ва П. Азизова иштирок намуданд.

Муфассал

ОЗМУНИ

«БЕҲТАРИН ХОНАИ ОМӮЗГОРОН» ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташаббуси навбатии худро дар ҳамкорӣ бо Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм пеш гирифта, бори нахуст озмуни вилоятии “Беҳтарин хонаи омӯзгорон” – ро ташкил кард. Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва муайян намудани беҳтарин хонаи омӯзгорон (кабинети методӣ), баланд бардоштани мақоми хонаи омӯзгорон (кабинети…

Муфассал

ШУКРОНИ ИН САРЗАМИНИ ОБОД МЕКУНЕМ!

Мо шукр аз он мекунем, ки дар кишвари соҳибистиқлол ва озоду обод зиндагӣ мекунем. Аммо хелеҳо ин неъматро қадршиносӣ намекунанд ва бо сохтани гурӯҳакҳое мехоҳанд дар бораи арзи ҳастӣ доштани худ эълон намоянд. Магар давлатсозӣ ва давлатдорӣ кори саҳлу осон аст. Не, хонандаи гиромӣ ин кори саҳлу осон нест ва ба ҳар кас муяссар намешавад.…

Муфассал

МАҲФИЛИ “СОХТМОНЧИЁН” ДАР КАФЕДРА

Имрӯз дар кафедраи сохтмон маҳфили навбатии “Сохтмончиён” доир гардид, ки дар он омӯзгон ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд. Дар маҳфил донишҷӯ донишҷӯи курси аввал ихтисоси сохтмони саноати ва шаҳрвандӣ дар мавзуи “Муайян намудани омилҳои қувваҳои дохилӣ ба воситаи хатти таъсир” баромад намуд.

Муфассал

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

Имрӯз 30-юми ноябри соли 2023 дарси кушоди намунавии номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором Юнус машғулияти КМРО дар гурӯҳи 406-и ихтисоси журналистика ва тарҷумонӣ аз фанни “Тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ” дар мавзуи “Тарҷумаи маводи тоҷикӣ ба забонҳои русию англисӣ тавассути барномаҳо” баргузор гардид. Дар дарси мазкур устодони кафедраҳои донишгоҳ иштирок карданд. Машғулият бо…

Муфассал