«Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо»

Аз 24-25- уми октябри соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи дуюми минтақавии илмию амалии «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Конференсияи илмӣ-амалии мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (PECA), ки аз ҷониби Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон (GIZ) бо мақсади пешбурди тадбирҳои муассир…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “НИЗОМИ АНДОЗ”

Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии “Низоми андоз” бо иштироки омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил доир гашт. Дар маҳфил Бегов Абубакр, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзуи “Тартиби андозбандии воситаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Давлотова Шаҳло, донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Саҳми андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар ғани гардонидани…

Муфассал

ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав истиқболи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2023-ро дар маросими тантанавӣ пешвоз гирифтанд. Дар даромадгоҳи донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибон бо гулдаста қабул намуданд. Ғолибон: 1. Чоршанбиев Собирҷон, донишҷӯи факутети Химия ва…

Муфассал

ИДОМАИ МАСНАВИИ “САОДАТНОМА”-И НОСИРИ ХУСРАВ

Маснавии «Саодатнома» яке аз асарҳои дигари шоир буда, дорои 300 байт аст. Мавзӯъҳои асосии «Саодатнома»-ро масъалаҳои панду ахлоқ, некӣ, бурдборӣ, эҳсон, ҷавонмардӣ, меҳру вафо дар бар мегирад. Боби дувум ДАР НЕКХОҲӢ Дило, пандам ниюшу дил дар ў банд, Зи ту тавба, зи пирони куҳан панд. Азеро, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ, Макун коре, ки боз…

Муфассал

“МЕҲРГОН – РАМЗИ ФАРОВОНӢ”,

– Зери ин унвон имрӯз 25-уми октябри соли 2023 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии идона бахшида ба Иди “Меҳргон” баргузор гардида истодааст. Дар саҳни бинои асосии донишгоҳ дастархони идонаи факултетҳо, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ буд ба намоиш гузошта ҳайати меҳмонон зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин…

Муфассал

МЕҲРГОН ДАР ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

Миллати тоҷик миёни ҷаҳониён бо теъдоди арзишҳои миллӣ, ғановати русуму одатҳо ва махзани ҳофизаи таърихӣ мутамойиз буда, дар фарҳанги башарӣ дар масири таърих ҳиссагузории бештаре дорад. Иддае аз он ҷузъиёти фарҳангӣ – ҷашнҳои бостонии миллӣ буда, бо саъй ва талошҳои муттасили фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам…

Муфассал

ЭЪЛОН!

ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ «ДОНИШ АНДАР КОНИ ҶОНАТ ГАВҲАР АСТ» Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони литсейи назди донишгоҳ, донишҷӯён, магистрҳо, докторантону унвонҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ рӯзҳои 15-16-уми…

Муфассал

СУҲБАТ- ВОХӮРӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

Имрӯз дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии Тахмина Ҷӯраев, раиси бонувони донишгоҳ бо иштироки донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Раиси бонувони донишгоҳ оид ба масъалаҳои таълиму тарбия, азхуднамудани илм ва технологияҳои замонавӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ баромад намуданд. Инчунин, зикр намуданд, ки одобу ахлоқ, рафтору кирдор унсури аз ҳама муҳими маърифати баланди…

Муфассал

Носири Хусрав – суханвари бузург ва марди андеша

( 28 августи 1004 -1088) Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситойиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст. Воқеан, ӯ чун як фарди миллатдӯст, озодманиш ва инсонпарвар баландтарин арҷро ба…

Муфассал