Имрӯз, 24- уми март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷашни Наврӯз бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар ин намоишгоҳ, ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.
МуфассалИн ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ниҳоди миллати тоҷик поку беғараз аст. Маҳз дар рӯзи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз сари як дастархон ҷамъ омадан, аз дӯстиву рафоқат ҳарф задан, таомҳои хоси аҷдодиро омода кардан, маҳфилҳои рақсу сурудхонӣ ва бозиҳои варзишии гуногун ташкил намудан аз таърихи миллати инсондӯсту инсонпарвари мо дарак медиҳад. KHATLON-RUZNOMA.TJ Наврӯз –…
МуфассалДар яке аз рӯзҳои фасли баҳор ба дарбори шоҳ Файлақуси-2 аз давлати Форс гурӯҳи сафирону бозаргонон бо туҳфаҳои гаронбаҳо ташриф оварданд. Онҳо аз номи шоҳаншоҳи сарзамини Форс ба кишвари Мақдуния дуруди наврӯзӣ расонида, барои тиҷорат рухсат хостанд. Шоҳ Файлақус бо камоли мамнуният сафиронро пазируфта, барояшон зиёфати хосае орост ва валиаҳди хеш Искандари ҷавонро бо меҳмонон…
МуфассалНаврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расидааст. Моро мебояд, ки бо мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст…
МуфассалҲамкасбон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо дар арафаи яке аз ҷашнҳои қадимтарини аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай, ки 14 сол қабл бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои Наврӯзро ҷашнгиранда аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро касб намуда буд, қарор дорем. Аз ин рӯ, ҳар яки…
МуфассалИмрӯз аз ҷониби Муҳиддинов Азизулло, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар гурӯҳи 406-и ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ аз фанни Муқовимат ба экстремизм дар мазуи “Ҷинояти терроризм” баргузор шуд.
Муфассал– Зери ин унвон имрӯз дар Шурои диссертатсионии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бо иштироки Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессорон ва омӯзгорон баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Ф. Қувватов, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география, дар мавзуи “Нақши саёҳати экологӣ дар рушди иқтисодиёти сабз”, Д. Давлатов,…
МуфассалИмсол ин ҷашни бостонии ориётаборон, ҷашни аҷдодии тоҷикон – Наврӯз бо рангу бӯйи тоза ба кишвари тоҷикон қадам гузошт. Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат…
МуфассалГузориши телевизиони “Хатлон” , муаллиф – Зервар Ғозиев
Муфассал