САДА ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оѓози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо, ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро…

Муфассал

КОНФЕРЕНСИЯИ ВИЛОЯТИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МЕНЕҶМЕНТ ВА НИЗОМИ ГУМРУК

  Имрӯз 22-юми январи соли 2021 дар факултети менеҷмент ва низоми кумрукӣ Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи гумрук баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд. Конференсияи мазкур то соати…

Муфассал

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

  Дар кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи диссертатсияи саромўзгори кафедраи мазкур Ҳакимов Саъдулло Тағоймуродович дар мавзўи «Имомии Ҳиравӣ ва хусусиятҳои услубиву бадеии осори ў» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедра Икромов Искандар баргузор гардид. Дар муҳокимаи диссертатсия устодони соҳибунвону варзида, ба монанди профессорон Икромов И.,…

Муфассал

ВОХӮРӢ БО САРПАРАСТОНИ ГУРӮҲҲОИ АКАДЕМӢ

  Дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мулоқоти муовини ректор оид ба корҳои тарбияии донишгоҳ Холмурод Раҷабзода бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. Раёсати тарбияи донишгоҳ доимо бо кӯраторони гурӯҳҳои таълимӣ алоқаи зич дошта, барои баланд бардоштани раванди таълиму тарбия ва иҷрои қонунҳои…

Муфассал

АЗ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

Ҳайати профессорону устодони донишгоҳро дар соли сипаригардида 672 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 29 нафар докторони илм, профессорон, 142 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 387 нафар саромўзгорон, омўзгорон ва ассистентон ташкил медод, ки онҳо дар 45 кафедра муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул буданд. Дар донишгоҳ 33 нафар устодоне фаъолият доранд,…

Муфассал

ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “БЕШАРАФӢ”

 Мақсад аз таҳия ва намоиш додани ин филмнома ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст. Ин воқеият, дар пайраҳаи  пурпечутоби зиндагӣ ӯро ба бозича қурбонии дасти дигарон табдил дода, маҷрои ҳаёташро ҷониби дунёе бурдааст, ки он ҷо танҳо дасисаю…

Муфассал

Низомномаи озмуни «Факултети беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Куратори беҳтарин», «Синфхона ва озмоишгоҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин корманди хоҷагӣ»

             Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани «Факултети беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Куратори беҳтарин», «Синфхона ва озмоишгоҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин корманди хоҷагӣ» баргузор мегардад. Муқаррароти умумӣ Шарт ва тартиби баргузории Озмуни мазкур барои дарёфти беҳтаринҳо бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии…

Муфассал

ДАР МИНТАҚАИ “ЗАҒЕРТӢ” 5 ТОННА КАРТОШКА КИШТ ГАРДИД (СУРАТГУЗОРИШ)

  Самаранок истифода бурдани замин аз фарҳангу масъулияти ҳар сокини кишвар вобастагии зиёд дорад. Замини хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии минтақаи “Зағертӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зери таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Имрӯз, омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар ин мавзеъ ҷамъ омада дар зери дарахтони боғи хоҷагӣ, 5 тонна картошка кишт карда шуд. Бояд қайд…

Муфассал

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР СИТОИШИ ОЛИМОНУ СИЁСАТМАДОРОНИ БУЗУРГ

«Тоҷикон» аввалин тадқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи яке аз қадимтарин халқҳои олам буда, муаллифи он бо нашри маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён собит кардааст….. …Вай дар солҳои басо мушкил ба тадrиr ва таълифи китобе аз таърихи халrи тоxик шурeъ намуд. Ковишу xустуxeйҳои…

Муфассал

КИТОБ ҲАМНИШИН ВА ДӮСТИ БЕОЗОР Фурӯғи зиндагӣ аз офтоб аст,          Фурӯғи одамият аз китоб аст.

Дар воқеъ, китоб ва китобхонӣ  яке аз шуғли писандидаи ниёгонамон ба ҳисоб рафта, барои дарки ҷаҳони иҳотакарда мусоидат мекунад. Ҷойгоҳи китоб дар зиндагӣ ва таълимоти мардуми фарҳангпарвару тамаддунофарамон мақоми арзанда дорад. Аз ин рӯ, гузаштагонамон тамоми донишу таҷрибаи худро дар китоб дарҷ намудаанд, ки мо аз он васеъ истифода менамоем. Китоб муҳимтарин ихтироот аст, ки…

Муфассал