ТАРҒИБИ ИХТИСОСҲОИ ДОНИШГОҲ БА ХОНАНДАГОН

Имрӯз як гурӯҳ омӯзгорони факултети математика-инҷформатика бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.  

Муфассал

180 НАМУДИ ХАНДА

Кайҳост, ки якуми апрелро мардум ҳамчун Рӯзи ханда қабул кардаанд. Доир ба таъсири мусбати ханда ба инсон якчанд далелро пешниҳоди шумо-хонандаҳои гиромӣ, мегардонем. Хандаи солим инъикоси тавозуни солимии эмотсионалӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Ханда дар баробари меҳрубонӣ яке аз аксуламалҳои аҷоибтарин ва стихиявии мост. Ғайр аз ин, он яке аз хусусиятҳои зебост, ки моро аз дигар…

Муфассал

ТАВАҶҶУҲ!

Ба диққати хатмкунандагони таҳсили фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки машғулиятҳои ҳузурии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 аз 11-ум то 30-юми апрели соли 2022 оғоз мегардад, ки дар он донишҷӯёни ФАКУЛТЕТҲОИ Сиёсат ва идораи давлатӣ; Математика-информатика; Молиявию иқтисодӣ; Филологияи тоҷик; Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ; Педагогика ва варзиш; Таърих ва ҳуқуқ; Химия ва…

Муфассал

Маҳфили навбатии “Иқтисодчии ҷавон”

Имрӯз маҳфили навбатии “Иқтисодчии ҷавон”-и назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзуи “Баҳисобгирии андозҳо аз молу мулки ғайриманқул” дори шуд. Дар маҳфил, Раҳмонов Бежан ва Холов Убайдулло, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит баромад намуданд.

Муфассал

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён бо либоси милливу идона иштирок намуданд. Дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилал буд, ба чорабинӣ шукуҳи бештар бахшиданд. Таомҳои милллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва…

Муфассал

НАВРӮЗ ҶАШНИ ТОҶИКОН АСТ

Наврӯз дар тӯли таърих ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳидкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ ёд мешудааст. Наврӯз рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳанги муштарак доранд. Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дуру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадах­шон, то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва…

Муфассал

СОЛГАРДИ УМР МУБОРАК БОШАД УСТОДИ АЗИЗ!

Имрӯз 30-юми марти соли 2022 Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мелоди умр дорад. Устоди азизро ба ин рӯзи фархунада табрик менамоем. Бигзор, хуршеди толеашон партавафшон ва баҳори умрашон бехазон боқӣ монад.  

Муфассал

“ҲАЖДАҲҒОРАИ АЙВАҶ” АЗ ЧОП БАРОМАД Таърих набояд ин ёдгориро фаромӯш кунад

Китоби мазкур ба қалами Муродиён Зокир Ҳасан, омӯзгори кафедраи педагогикаи мансуб буда Шӯрои илмию дастурдиҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба чоп тавсия додааст. Китоби мазкур самари таҳқиқ ва таҳлили чандсола (2019-2021)-и муаллиф буда, аввалин китобест, ки дар хусуси ёдгории қаблазисломии “Ҳаждаҳғора”-и Айваҷи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Муаллиф умдатан…

Муфассал