Табассум ҳадя кардан

Табассум ҳадя кардан бар лаби мардум наку кор аст, Зудудан ғусса аз дил бо зарофат кори душвор аст. Накӯмардон чу нахли пурсамар дар боғи давронанд, Ба зудӣ бишканад шохе, ки дар вай мева бисёр аст. Дар ин дунёи заҳролуд, ки одам душмани одам, Сухан ширин баён кардан на кори ҳар сияҳкор аст.  

Муфассал

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ дарси кушоди омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик

Дар факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ дарси кушоди омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Мирзомуродова Гулнора дар мавзуи “Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” дар гурӯҳи 301 ихтисоси таъриху фарҳангшиносӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик баргузор гардид.  

Муфассал

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ОСОРХОНА

Дирӯз як гурӯҳ донишҷӯёни таҳсили фосилавии факултети таърих ва ҳуқуқ зери роҳбарии саромӯзгори кафедраи усули таълими таърих ва ҳуқуқ С. Тағойзода дар доираи омӯзиши фани “Осорхонашиносӣ” аз нигораҳои Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” дидан намуданд.  

Муфассал

Таъзия

Ҳамин ҳоло 22-уми апрели соли 2022 соати 9:23 хабари марги Саидмурод Табарӣ, директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав аҳли кормандони донишгоҳро ғамгин кард, ки дар ин мусибати ғамангез худро шарик меҳисобанд. Ҷояш ҷаннат ва манзили охираташ обод бод! Шарҳи ҳол: Саидмурод Таваров (тав. 18. 10. 1960, д. Навкори н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён),…

Муфассал

ДОНИШҶӮЁН ДАР ТАҶРИБАОМӮЗӢ МАЛАКАИ ХУДРО НИШОН МЕДИҲАНД

Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик зери роҳбарии муаллима Раҷабмо Ниёзова таҷрибаомӯзии худро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Бохтар гузаронида истодаанд. Яке аз таҷрибаомӯзон Мадинаи Шерафган, донишҷӯёи курси 3-юм буда аз фанни “Забони тоҷикӣ” ба хонандагони синфи 7-ум дар мавзуи “Кор бо матни дастурамал” дарси намунавӣ дори кард. Инчунин, донишҷӯи дигар…

Муфассал

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

Имрӯз Гулру Саидзода, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (гурӯҳи русӣ), зери роҳбарии дотсент Исозода Тоҷиддин Исо дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, иштирок намуда дар бахши ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи якум гардида, бо Дипломи дараҷаи 1-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ёдовар мешавем, ки ин озмун бахшида…

Муфассал

БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Дирӯз бо ташаббуси факуотети таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Шамсуллозода Холназар, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок карданд.

Муфассал