СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА ТАРҒИБОТИ ИХТИСОСҲО

Имрӯз 17.02.2024 аз ҷониби раёсати таҳсилоти донишгоҳ семинар-машварат оид ба сафарбар намудани мудирони кафедраи тахассусии донишгоҳ ҷиҳати ташвиқу тарғиби ихтисосҳои донишгоҳ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар рафти семинар- машварат оид ба имкониятҳои таълимию тарбиявӣ ва базаи маддию техникии донишгоҳ аз ҷониби сардори Раёсати таҳсилот Ашурзода Н. маърӯза карда шуд. Дар охир, маводҳои таблиғотӣ…

Муфассал

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Дар факултети молиявю иқтисодӣ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯи кафедраи фаъолияти бонкии ДДБ ба номи Носири Хусрав Сафаров Сайфулло дар мавзуи «Такмили механизмҳо ва низоми идоракунии устувории молиявии бонкҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисоси 08.00.07. Молия, муомилоти пул ва қарз доир шуд. Рисола зери роҳбарии Шарифхон Баротзода омода гардидааст.

Муфассал

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар давраи соҳибистиқлолии кишвар” бахшида ба 45-соли фаъолияти кории профессори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии факултети педагогика ва варзиш Нодиров Тағойназар баргузор гардид.

Муфассал

Соли маърифати ҳуқуқӣ

Вобаста ба он дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсия доир шуд. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили пешрафти ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.Дар конференсия муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ-…

Муфассал

ОМӮЗГОРОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД

Омӯзгорони факултетҳои сиёсат ва идораи давлатӣ, физика ва техникӣ-технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай аз такмили ихтисос гузашта будан соҳиби Сертификат гардиданд.

Муфассал

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ, зери унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” доир гардид. Чорабинӣ бо сухани табрикии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Дар идомаи чорабинӣ Алимов Давлаталӣ, профессори донишгоҳ дар мавзуи “Артиши миллӣ-зодаи даврони соҳибистиқлол” маърӯза намуд. Дар чорабинии…

Муфассал

Дарси намунавӣ дар факултети забони англисӣ

Имрӯз дар гурӯҳи 401-и ихтисоси забони англисӣ дарси намунавии мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ н.и.ф.,дотсент Олматова Ш.С. дар мавзӯи “Affixation” баргузор гардид. Дар дарси намунавӣ Қ. Гулов, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ ва дигар омӯзгорону мудирони донишгоҳ иштирок намуданд.

Муфассал

УНВОНҶӮЁН ИМТИҲОНИ МИНИМУМ СУПОРИДАНД

Имрӯз 15-уми феврали соли 2024 дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав унвонҷӯён аз забони англисӣ имтиҳони минимум супориданд. Дар он раиси комиссияи имтиҳон Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Холназар Шамсуллозода, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ, Т. Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ,…

Муфассал