ДОНИШГОҲИ БОХТАР СОҲИБИ ХОБГОҲИ 9-ОШЁНА ХОҲАД ШУД

Хабари рӯз Муаллиф  Раҳмоналӣ Додархӯҷаев Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нақша дорад, барои донишҷӯён бинои 9-ошёнаи хобгоҳ бунёд кунад. Ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин имрӯз зимини нишасти матбуотӣ қайд кард, ки норасоии хобгоҳ дар донишгоҳ аз мушкилоти калидӣ ба ҳисоб меравад. — Аз ин рӯ, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳукумати…

Муфассал

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КИТОБХОНА ВА МАРКАЗИ КОМПЮТЕРӢ ДАР ҲУДУДИ БИНОИ АСОСИИ ДДБ

Оғози ин сохтмон аз 8-уми май оғоз гардида корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта сохтмончиён то ба имрӯз пойдевори биноро омода намуда ба сохтмони бинои якум гузашта истодаанд. Бино аз ду ошёна иборат буда дорои таҳхона ва ҳар кадоме бо масоҳати 1300 метри мураббаъро ба нақша гирифтааст.  

Муфассал

ТАҚДИМИ ДУ АДАД МОШИНАИ ҶОМАШӮИ БАРОИ ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ ХОБГОҲ

Имрӯз 16-уми июли соли 2021 аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон барои донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ истиқомат мекунанд ду адад мошинаи ҷомашӯи тақдим карда шуд. Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои саҳмгузорӣ ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон изҳори минатдорӣ менамояд.

Муфассал

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДОНИШГОҲ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАО

Имрӯз 16-уми июли соли 2021 дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар оғози нишасти хабарӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, зикр намуд, ки донишгоҳ яке аз бузургтарин маркази илму фарҳанг…

Муфассал

“АЗ ИН КОРИ ХАЙРИ ШУМО ДОИМ ЁД МЕОРАМ”,

-мегӯяд Тошматов Муҳиддин Қудратуллоевич, сокини ноҳияи Хуросон дар сипосномае, ки ба мо расид Ҳамин ҳоло сипосгузории Тошматов Муҳиддин Қудратуллоевич, маъюби гурӯҳи дуюм аз ноҳияи Хуросон, ки аз оби ошомиданӣ ва шустушӯ танқиси мекашид ба унвонии кормандони Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расид. Ёдовар мешавем, ки Тошматов Муҳиддин Қудратуллоевич рӯзи 30-юми июни соли…

Муфассал

ОЛИМИ ҶАВОНУ МАСЪУЛИЯТШИНОС

    Устод Шарифхон Баротзода номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори Раёсати илм ва инновтасияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад. Ошно шудан бо кору пайкори чунин ҷавонони муваффақ намунаи ибрати насли ҷавон хоҳад буд. Шарифхон Баротзода санаи 16-уми майи соли 1988 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли…

Муфассал

МАШВАРАТИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Имрӯз 22-юми июни соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав машварати ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» доир гардид. Нахуст, Ҷурабой Собиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия суханронӣ намуда зикр кард, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму…

Муфассал

МУНОСИБАТ БА ЗАБОН БОЯД БОСАВОДОНА ВА ОҚИЛОНА БОШАД

  Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешанд. Таърих собит намудааст, ки устувории ҳар миллату давлат ин пеш аз ҳама забони миллӣ аст. Миллату давлатҳое, ки дар давоми мавҷудияти таърихии худ бо…

Муфассал

МАҲСУЛИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ САЙЁҲӢ

Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шудани сохти хоҷагидорӣ, зарурати аз нав ва бо шакли дигар эҳё намудани соҳаи туризм пеш омад, зеро имрӯз дар кураи замин давлатҳои ҷудогонаеро метавон ном бурд, ки даромади асосии баъзеашон танҳо ва танҳо аз ҳисоби соҳаи туризм мебошад. Боиси таассуф аст, ки дар давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар…

Муфассал

ДӮСТУ ҲАМРОЗИ ИНСОН

Китоб бунёди ҳама гуна комёбиҳо маҳсуб меёбад. Ба воситаи китоб ганҷинаи хирад ороста мегардаду кохи дониш бунёд меёбад. Ин махзани илму дониш раҳнамои боэътимод ва бохиради ҳамагон буда, ҷодаҳои имрӯзу фардоро мунаввар мегардонад. Барои ба қуллаи мақсуд расидани инсоният ва доштани тамаддуну фарҳанг воситаҳои зиёде ба назар мерасанд. Яке аз чунин воситаҳо китоб ба ҳисоб…

Муфассал