ЗАРАРИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ БА САЛОМАТИИ ИНСОН

Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд. Бо кумаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд дар алоқа шуда, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи дунё қарор доранд, тамос гирифта метавонем.   Аммо ба ин нигоҳ накарда, телефонҳо хусусиятҳои зараррасонӣ дошта, оҳистаоҳиста ба саломатии инсон таъсири бад мерасонанд.   Бо пайдо шудани аввалин телефонҳои мобилӣ олимон тадқиқоти худро шуруъ намуда,…

Муфассал

ТАЛАБОТ БА ТАЪЛИФИ КОРҲОИ ХАТМИ БАКАЛАВРӢ

Дар ҳеҷ як масъалаи муҳим бе заҳмату машаққати муайяни мустақилона ҳақиқатро пайдо кардан маҳол аст ва касе, ки аз меҳнат метарсад, худашро аз имконияти пайдо кардани ҳақиқат маҳрум месозад. Иҷрои кори бакалаврӣ ба донишҷӯ на фақат дар омӯхтани масъалаҳои мураккаб ва рӯзмарраи назария ва амалияи ин ва ё он фанни таълимӣ кӯмак мерасонад, балки дар онҳо малакаи кори илмӣ карданро низ ташаккул медиҳад.…

Муфассал

РУШДИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ

Рушди иқтисодӣ, яке аз масъалаҳои муҳими иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад ва тавассути тағйирёбии он ба дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳо медиҳанд. Дар соҳаи гуногуни иқтисоди миллӣ, дар ҳаҷми умумии беш аз 4,5 миллиард сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар соли 2020-ум зиёда аз 300 корхонаву коргоҳҳо бо бештар аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти…

Муфассал

Бишнав аз най Назаре ба забони ашъори Мавлоно

Пайвандакҳои тобеъкунандаи ҷумлаи пайрави шарт дар кулли эҷодиёти адибони назму насри классикону муосири тоҷик истифода шуда, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Онҳо ба вазифаи эзоҳдиҳандаи сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрави дигар омада, дар пурмазмуну маъноҳои иловагии мухталиф бахшидан ҳиссагузор мебошанд. Хусусан, дар мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ, ки хеле забони пурсарват ва рангоранг дорад, истифода шудааст. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони назми классикии машриқзамин буда, дар арсаи…

Муфассал

ТАЪЛИМИ МУОСИР ВА РИОЯИ МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ДОНИШ

Риояи талаботи дарси муосир аз ҷониби мутахассиси соҳавӣ тақозои замон мебошад. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар сарбории таълимии донишҷӯ (воҳиди заҳматталабӣ барои аз худ кардани касб) дар шакли кредит – бо маърузавӣ, амалӣ, кмро, кмд, таҷриба, кори курсӣ, аттестатсияи хатм муайян гардидааст. Сатҳи ҳазми ин заҳматталабии донишҷӯ аз ҷониби омӯзгор (тютор – роҳбалад)-и фан бо риояи талаботи арзёбии замони муосир аз рӯи низоми…

Муфассал

НАЗАРЕ БА СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ

Соли нави Аҷам – Наврӯз, ки иди байналмилалӣ эълон шуд, моро боз ҳам шоду масрур намуд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи…

Муфассал

НАВРӮЗ – МУАРРИФГАРИ РАСМУ ОИНИ МАРДУМӢ

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.   Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон…

Муфассал

НАВРӮЗИ ДИЁР ОМАД

Мардуми ориёнажод бисёр расму оин ва иду ҷашнҳоро ба ёдгор гузоштаанд, ки яке аз инҳо Наврӯз мебошад. Наврӯз аз идҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, онро ба Ҷамшеди Каёнӣ нисбат медиҳанд. Таърихи пайдоиши ин ҷашн дақиқ нест, аммо мунаққидон ба он хулосаанд, ки Наврӯз зиёда аз се ҳазор сол умр дорад. Ин ҷашни таърихӣ эҳёкунандаи расму оин ва исботкунандаи таърихи тӯлонии фарҳанги мардуми…

Муфассал

РАСМУ ОИНИ МАРДУМИ БАДАХШОН ДАР НАВРӮЗ

Расидан ба Хидирайём, ё худ Наврӯзи деринтизор дар тозабаҳор барои ҳар як инсон иқболи баланду бахти бедор аст, зеро ки баҳор рамзи офариниш рамзи сарсабзиву хушбахтӣ ва некӯиву хушхисолӣ аст. Баҳор, ки худ фасли тозаписанду покизапараст ва шукуфоиву эҳёи табиат аст, аз инсон ҳам чунин тақозо дорад. Аз ин хотир, инсон бояд бо вуруди баҳор ва айёми Наврӯз сиришти худро аз тамоми олудагӣ кинаю адоват, нафсу одат, пок кунад ва чун гузаштагони бовиқору сарбаланд…

Муфассал

АГАР НАВРӮЗ БА ЯКШАНБЕ БИЁЯД…

Аз азал Наврӯз дар ҳаёти мардуми форс нақши бориз дошта, ба урфу одати мо таъсиргузор будааст. Дар “Наврӯзнома”-и Хайём омадааст, ки “Оини мардуми Аҷам аз дергоҳ чунин буд, ки рӯзи Наврӯз мардум бо якдигар мулоқотҳо тартиб медоданд, ба меҳмонии ҳамдигар мерафтанд, кудуратҳои мавҷудро канор мегузоштанд. Соли навро бо либосҳои нав пешвоз гирифта, ба киштукори баҳорӣ оғоз мекарданд”.   Оре, ин оину расми ниёгони мо имрӯз идомаи зебо дорад. Як анъанаи ҷолиб дар…

Муфассал